Меҳмонхонаи беҳтарини худро интихоб кун

 

       Чӣ бояд кард ва чӣ не

 

 

“Дар ҷануби Осиё ҳуҷраи ҳостел 4$ ва инҷо мо 15$ месупорем. Ин суханҳоро мо ҳама ваҳт мешунавем. Тоҷикистон ва Помир ҷойи на он қадар қиммат мебошанд, аммо ҷойи он қадар арзон ҳам нест. Барои чӣ? Вақте, ки шумо ин ҷойро бо ҷойҳои дигар муқоиса кунед (хусусан дар Осиё ва Африқо) шумо бояд дар бораи шароити географӣ ҳамин ҷой ҳам фикр кунед: Дар мавсими тобистон гарм менамояд, аммо дар мавсими зимистон дар Осиёи Миёна ҳаво хунук мебошад. Барои як оила ҳар зимистон дар ноҳияи  Мурғоб ( Каракул, Мургаб, Аличур, Шаймоқ, Булункул..)1 тона ангишт даркор мешавад. Дар Булункул дар зимистон температура ба -40 ва ё ---60 “С мерасад.

 Шароити географии Тоҷикистон ҳамчун давлати маҳкам ба ҳисоб меравад. Помир як ҷойи хеле ҷудо кардашуда мебошад. То маҳсул ба мағозаи хурд мерасад, нархи маҳсул зиёд мегагдад. Дар вақти зимистон нархи барқ ва хӯрок боз қимматтар мегардад.

Барои ҳамин нарҳи меҳмонхонаҳо 15$ мебошад. Бисёре аз сайёҳон кӯшиш мекунанд, ки нархҳоро паст гардонанд. Аммо илтимос ин коро накунед! Мардуми Помир мардуми хеле меҳмонавоз мебошад. Агар ягон оила шуморо барои як пиёла чой даъват мекунед, илтимос пулро барои онҳо ҳатман диҳед. Агар ягон сайёҳ барои шумо наҷли мекунад, ки пеши як оила чанд рӯз ё чанд ҳафта бе пул нишаста буд, ҳатман ҳамин иттилоотро ба онҳо бирасонед.

Ҳамин гапҳо маънии онро надоранд, ки мо дар Помир фақат сайёҳони пулдоро интизорем. Ҳар касе, ки бо пули кам сайёҳат мекунад, ақалан ягон маблағ бояд барои мардум бимонад.

 

Дастгир кардани мардум бо роҳи дуруст.

Дар вақтҳои охир мо дидем, ки кудакон аз туристон пул мупурсанд, барои он, ки сайёҳони пештара ба онҳо пул доданд. Агар шумо ба кудакон пул медиҳед, ин ба ягон кас кӯмак намерасонад. Агар шумо мехоҳед саҳми худро барои мардуми Помир расонед, шумо метавонед яке аз ҳамин лоҳияҳороро дастгир кунед: